Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Султонов Меҳрубон, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан бо моддаҳои 248 ва 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ ва дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуд.
Номбурда санаи 20 апрели соли ҷорӣ, дар кӯчаи Н.Қарабоев бо як сокини пойтахт муноқиша намуда, бо истифода корд ба қафаси синаи ҷабрдида як маротиба зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Блоки рекламавӣ



