Беш аз ҳазор паноҳҷӯи афғон дар урдугоҳе дар Қатар, пас аз поёни муҳлати муайяншуда аз сӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико барои интиқол бо эҳтимоли зиёд ба таври маҷбурӣ ба Ҷумҳурии мардумии Конго дар Африқо фиристда мешаванд.
Пештар ба онҳо гуфта шуда буд, ин урдугоҳ то 31 март баста хоҳад шуд ва сокинони он ба кишварҳои дигар интиқол дода мешаванд, аммо бо гузашти ин муҳлат, ҳеҷ барномаи муайяне эълон нашудааст.
Тибқи ин гузориш, ҳудуди 1100 нафар дар ин урдугоҳ зиндагӣ мекунанд, ки бисёре аз онҳо ғайринизомӣ ҳастанд, ки давоми ду даҳсолаи ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон, бо ин нерӯҳо ҳамкорӣ кардаанд. Беш аз нисфи онҳо занон ва кӯдакон ҳастанд.
Онҳо баъди шармандавор берун шудани нерӯҳои амрикоӣ дар соли 2021 ва бозгашти Толибон ба қудрат, тариқи чанд парвоз аз ин кишвар берун бурда шуданд ва интизор доштанд ба Амрико интиқол меёбанд. Аммо раванди расидагӣ ба дархостҳои муҳоҷиратии онҳо дар ноябри соли 2025 қатъ шуд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи “Ню-Йорк Таймз” 21 апрел хабар дод, ки ин паноҳҷӯён бо интихоби душвор миёни бозгашт ба Афғонистони зери ҳокимияти Толибон ё интиқол ба кишвари Конго дар маркази Африқо, рӯбарӯ мебошанд.
Ба навиштаи ин рӯзнома, ин гурӯҳ шомили тарҷумонҳои нерӯҳои амрикоӣ, аъзои пешини нерӯҳои вижаи Афғонистон ва аъзои хонаводаи низомиёни ҳамкор бо амрикоиён аст ва беш аз 400 кӯдак низ дар миёни онҳо ҳастанд.

Ҳазору сад муҳоҷири афғонро аз Қатар ба Конго мефиристанд
Блоки рекламавӣ


