Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 8 то 12 октябр дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе чорабиниҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд. Дар ин рӯзҳо ташрифи меҳмонони зиёд аз хориҷи мамлакат дар назар дошта шудааст.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар додаанд, дар ин рӯзҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайри рафтуомади меҳмонон маҳдуд карда мешавад.
Масъулини раёсат ба диққати ронандагон мерасонанд, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо аз истифодаи нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.
Ҳамзамон аз таваққуфи воситаи нақлиёт дар кӯчаҳои протоколӣ худдорӣ намоянд.
Блоки рекламавӣ



