Комиссияи Аврупо дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ аз эҷоди як пойгоҳи табодули маълумот ва мувофиқа барои ҷалби 2 миллиард евро сармояи ниҳодҳои молии байнулмилалӣ хабар додааст. Ин талошҳо барои фаъол кардани роҳҳо ва додугирифтҳои байни ин кишварҳо равона мешаванд.
Дар ин бора рӯзи 23-юми июн дар ҷаласае бо иштироки Марта Кос, комиссар оид ба ҳамкорҳои байнулмилалӣ ва Йозеф Сиклеа, комиссар оид ба нақлиёти босубот ва мақомоту намояндагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ хабар доданд.
Дар иттилоияи расмӣ гуфта шуд, ки дар доираи тарҳи стратегии Иттиҳоди Аврупо бо номи “Дарвозаҳои ҷаҳонӣ” бо ширкати вазирони нақлиёт ва мақомоти дигари Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Украина ва Узбекистон, намояндагони кишварҳои Гурӯҳи ҳафт кишвари пешрафтаи саноатӣ ва созмонҳои молии байнулмилалӣ ҷаласа барпо шуд. Аз Тоҷикистон дар ҷаласа Беҳзод Икромов, муовини раиси ҳайати намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ин кишвар суханронӣ кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь