Шаҳрвандон Акбаров С. Н., соли таваллудаш 2006 ва Fуломов М. У сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шудаанд.
Гумонбаршавандагон 3-юми майи соли 2026, тахминан соати 00:00 дар назди чорроҳаи кӯчаи Лоҳутии ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи М.Ҳамадонӣ бо шаҳрванд Зарипов А.Л., соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб намудаанд. Акбаров С.Н ва Ғуломов М.У., аз ин кирдори худ қаноатманд нашуда, бо корди дар дасташон буда, ба узвҳои бадани Зарипов А.Л., зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Акбаров С.Н ва Fуломов М.У., бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь