Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмии «Нақши Ҷӯрабек Назрӣ дар рушди илм ва фарҳанги тоҷик» бахшида ба 80-солагии олим, муҳаққиқ ва хунёгари мумтоз, устод Ҷӯрабек Назрӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши бошукӯҳи илмӣ шарқшиносон, адабиётшиносон, муҳаққиқон ва донишмандони варзида аз кишварҳои гуногуни хориҷӣ низ иштирок намуда, доир ба хизматҳои арзишманди устод дар рушди илм, фарҳанг ва адабиёти тоҷик маърӯзаҳо ироа карданд. Конференсияи мазкур дар сатҳи хеле баланд, бо ташкили намунавӣ ва муҳити созандаи илмӣ баргузор гардид. Ба Роҳбарияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузор намудани чунин ҳамоиши арзишманд ва таъмини сатҳи баланди баргузории он изҳори сипос ва қадрдонӣ менамоем.
Лутфия Абдулхолиқзода директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бонуи донишманд, фарҳехта ва соҳибтаҷриба буда, дар рушди илму фарҳанг самимона хидмат мекунанд. Камина борҳо дар конференсияҳои байналмилалии илмӣ иштирок намудаам, аммо баргузории чорабинеро бо чунин сатҳи баланди ташкилӣ, мазмуни ғании илмӣ ва фазои фарҳангии самимӣ кам ба ёд дорам. Фаъолият ва масъулиятшиносии ин бонуи фарҳехта барои дигарон метавонад намунаи ибрат бошад. Аз таҷриба, кордониву фарҳанги баланди баргузор намудани маҳфилҳои илмиву фарҳангии эшон омӯхтан ва пайравӣ кардан арзанда аст.
Сино Холиқов

Блоки рекламавӣ