Дар ноҳияи Ашт сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 МВт бунёд идома дорад, иттилоъ додаанд аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни шиносоии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҷараёни сохтмони ин иншооти энергетикӣ иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз тақрибан 70 дарсади корҳо ба анҷом расидаанд. Ҳамзамон корҳои насби таҷҳизот ва омодасозии иншоот тибқи талабот идома доранд.
Тибқи нақша, неругоҳи мазкур то охири соли равон пурра мавриди истифода қарор дода мешавад.
Ба масъулони лоиҳа барои таъмини сифати баланд, риояи талаботи техникӣ ва иҷрои пурраи корҳои сохтмонӣ дар муҳлати муқарраршуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Блоки рекламавӣ



