Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки давоми ду рӯзи ахир дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар 8 нафар, аз ҷумла як кӯдаки 4-сола ҳалок гардидаанд.
Вазорат рӯзи 11-уми май бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, яке аз маргбортарин садамаҳо рӯзи 9-уми май дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух дод. Дар ҳудуди ноҳияи Деваштич як ронанда ҳангоми ҳаракат, зоҳиран идораи мошинро аз даст дода се нафареро, ки назди як мошин дар канори роҳ меистодаанд, зад.
Ҳарсе, аз ҷумла як модару фарзандаш дар ҷойи ҳодиса ҷон додаанд. Худи ронанда зинда монд.
Тифли чаҳорсоларо дар ноҳияи Восеъ як ронандаи 22-сола зер кард.
Блоки рекламавӣ



