Мақомоти маҳаллӣ эълон карданд, ҳашт кӯдаки як то 14-сола рӯзи 19 апрел дар тирандозӣ дар шаҳри Шривпорти иёлоти Луизиана кушта шуданд ва шахси гумонбар дар ҷараёни гурез бо мошинаш, аз сӯи пулис ҳалок гардид.
Сухангӯи пулиси Шривпорт дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки бархе аз ин кӯдакон бо гумонбар риштаи хешутаборӣ доштанд ва тирандозӣ дар се маҳали истиқоматӣ сурат гирифт.
Дар маҷмӯъ дастикам 10 нафар ҳадафи тирандозӣ қарор гирифтаанд, аммо ҷузъиёте дар бораи вазъияти дигарон надод.
Ба гуфтаи ӯ, тирандозӣ пас аз соати шаши субҳи якшанбе ба вақти маҳаллӣ рух дод ва ҳамчун даргирии хонаводагӣ дар назар гирифта шудааст.
Ба гуфтаи сухангӯи пулис, гумонбар пас аз тирандозӣ мошинро дузида ва дар пайи таъқиби кормандони интизомӣ ба як минтақаи дигар паноҳ бурд ва аз тири пулис ба ҳалокат расид.
Пулис ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

Ҳашт кӯдак дар Амрико кушта шуданд
Блоки рекламавӣ


