Раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозодаро сазовори ҷоизаи бонуфузи байналмилалии Global Banking & Finance Review Awards донистанд.
Номбурда дар номинатсияи «Беҳтарин Раиси бонк дар Тоҷикистон дар соли 2026» ғолиб дониста шуд. Ин ҷоиза сатҳи баланди касбият, дидгоҳи стратегӣ ва идоракунии самараноки роҳбарияти бонкро дар шароити бозори босуръат рушдёбанда исбот менамояд.
Зери роҳбарии Асадуллозода «Ориёнбонк» мавқеи худро таҳким бахшида, технологияҳои муосири рақамиро ҷорӣ кард ва доираи хизматрасониҳоро пайваста васеъ месозад.
Ин дастовард эътирофи байналмилалӣ буда, ба таҳкими нуфузи бонк, баланд гардидани эътимоди муштариён ва шарикон мусоидат мекунад.
Блоки рекламавӣ



