Ҷасади Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки 10 рӯз пеш худро ба дарёи Кофарниҳон партофта буд, аз марзи Ӯзбекистон пайдо шудааст. Ҷасади Шаҳбоз дар марзи Регар бо вилояти Сурхондарёи кишвари ҳамсоя пайдо гардид. Тобути Шаҳбозро падараш тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба Тоҷикистон овард. Ҷасадро дар шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод ба хок супурдаанд. Ин сарбози 23-сола рӯзи 27-уми апрел худро ба дарё партофт.
Ба гуфтаи наздиконаш, Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа дар канори Душанбе хизмат мекард ва барои даҳ рӯз рухсатӣ гирифта, ба хонаашон дар ноҳияи Файзобод рафта буд.
Ин сарбоз 28-уми апрел мебоист ба маҳалли хидматаш бармегашт, аммо як рӯз пеш бо баҳонаи ороиши мӯйи сар аз хона баромада ба шаҳри Ваҳдат омад ва худро ба рӯдхона партофт. Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода соле пеш издивоҷ карда, як тифли панҷмоҳа дорад.
Эмомалӣ Раҳмон,Президенти Тоҷикистон аз мақомоти интизомӣ ва бахусус фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ, хостаанд, масъалаи тартибу низом дар воҳидҳои низомиро бисёр ҷиддӣ гиранд.
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон, дар баробари дигар масъалаҳо, ҳамчунин “рафти даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои низомӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ” баррасӣ гардид.

Ҷасади Шаҳбозро пайдо карданд
Блоки рекламавӣ


