Ҷасади раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонаботро баъди ду ҳафта ҷустуҷӯ аз дарёи Панҷ пайдо кардаанд. Ин хабарро субҳи 30-юми июн сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Ориф Нозимиён нашр кард.

Ба гуфтаи сухангӯи Кумита, ҷасад дар ҳудуди деҳаи Кишти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин “дар рӯйи об мушоҳида шуда, наҷотдиҳандагони Кумита онро аз об берун бароварда ба сохторҳои дахлдор супориданд.”

“Ташхиси пурраи тиббӣ муайян кард, ки он раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мебошад”, – гуфт Ориф Нозимиён.

Мошини хидматии Алишер Мирзонабот рӯзи 17-уми июни имсол дар ноҳияи Дарвоз ба рӯди Панҷ сарозер шуд. Мақомот гуфтанд, раиси вилоят бо ҳамсару духтари дусолааш ва ёвару ронандааш аз Душанбе ба Хоруғ бармегаштанд.

То кунун ҷасади ёвари раис Садоншо Ҷанобалишо, ва Сино Муборакшоев, ронандаи раиси ВМКБ-ро пайдо карда, ба наздиконашон додаанд. Пайкари ҳамсар ва духтари Алишер Мирзонаботро то ҳол пайдо накардаанд. Мақомот мегӯянд, ҷустуҷӯ идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь