Имрӯз ҷасади Маҳмадраҷаб Абдуллозода, хабарнигори телевизиони Тоҷикистон ва котиби матбуотии раиси шаҳри Бохтарро дар зодгоҳаш, деҳаи Мулкони ноҳияи Балҷувон, ба хок супориданд.
Маҳмадраҷаб оиладор, соҳиби чор писар мебошад.
Даргузашти нобаҳангоми ин бародари гиромӣ барои аҳли қалам, ҳамкорон, наздикону пайвандон ва дӯстонаш талафоти бузург аст.
Манзили охиратат обод ва ҷоят ҷаннат бод, бародари гиромӣ! Ёдовар мешавем, ки 17 сентябр, тахминан соати 12:05, дар километри 175-уми шоҳроҳи «Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, садамаи нақлиётӣ рух дод.
Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, ронандаи «Hyundai Elantra», сокини шаҳри Душанбе Толибҷон Давлатов, соли таваллудаш 1972, ба самти муқобили ҳаракат баромада, бо мошини боркаши «Mercedes-Benz» бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири «Hyundai Elantra» Маҳмадраҷаб Абдуллоев, соли таваллудаш 1996, муҳаррири Телевизиёни Тоҷикистон, аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари «Hyundai Elantra» низ ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Вобаста ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҷасади Маҳмадраҷаб Абдуллозодаро дар Балҷувон ба хок супориданд
Блоки рекламавӣ


