Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бинои филиалҳои ду бонки муфлисшударо дар минтақаҳои кишвар ба савдо гузошт.
Музояда барои хариди бинои филиалҳои “Тоҷиксодиротбонк” дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Мастчоҳ ва Куҳистони Мастчоҳ рӯзи 5-уми май баргузор мешавад.
Нархи аввали ин биноҳо аз 1 то 8 миллион сомонӣ таъин гардидааст.
Бинои филиали “Тоҷпромбонк” дар шаҳри Гулистон бо нархи аввали 1,7 миллион сомониро ҳам ба музояда гузоштаанд.
Намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ нагуфтаанд, ки чанд кас барои харидани биноҳои ин ду бонки муфлисшуда довталаб гардидаанд. Баъди соли 2017 чор бонки калони кишвар “Тоҷпромбонк”, “Фононбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, муфлис шуда буданд.
Аз ин миён танҳо “Фононбонк” амонати мизоҷонашро дод ва муштариёни се бонки дигар то ҳол овораю сарсонанд.
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон борҳо ваъда додаанд, ки аз ҳисоби фурӯши амволи бонкҳои муфлисшуда маблағи мардум бозпас дода мешавад. Муштариён то ҳол нигарони амонатҳои гузоштаашон ҳастанд.

Амволи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк”-ро мефурӯшанд?
Блоки рекламавӣ


