Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳаҷми 1,8 миллион доллар ба Тоҷикистон таҷҳизоти тавлиди оксиген ва эҳёи навзодон тақдим намуд. Маросими тақдими ин таҷҳизот 12-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Сафорати Амрико хабар дод, ки дастгоҳҳо як бахши кӯмаки 78 миллиондолларӣ мебошанд. Ин созишнома бо Тоҷикистон имзо шуда буд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, ки “таҷҳизоти оксигенӣ ва маҷмӯаҳои махсус барои эҳёи навзодон барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва наҷоти ҳаёти беморон аҳамияти бузург дорад”.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, қисме аз ин таҷҳизот аллакай ба 5 таваллудхона ва 11 муассисаи дигари тандурустии кишвар дастрас ва насб шудааст.
Саломуддин Юсуфӣ, муовини аввали вазири тандурустӣ тақдими таҷҳизотҳои тиббиро “намунаи равшани шарикии устувор, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии пайваста”-и Амрико дар самти таҳкими низоми тандурустии Тоҷикистон номидааст.

Амрико ба Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ дод
Блоки рекламавӣ


