Дар шаҳри Панҷакент ҳамоиши бузурги илмӣ-амалии байналмиллалии «Хонишҳои Артуч – VIII» таҳти унвони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036» оғоз гардид.
Ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи амалисозии Қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид роҳандозӣ шудааст.
Ҳамоиши мазкур, ки бо ибтикори роҳбарияти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ташкил шудааст, майдони муҳими табодули афкор барои олимону пажӯҳишгарони дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Дар кори он устодону кормандони донишкада, намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла донишгоҳҳои давлатии Самарқанду Бухоро иштирок намуданд.
Мавзӯи асосии ҳамоиш – «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036» – аҳамияти бузурги ҷаҳонӣ дошта, таваҷҷӯҳи доираҳои илмиро ба масоили муҳими сулҳпарварӣ ва рушди устувор ҷалб мекунад.
Кори ҳамоиш, ки бо барномаҳои гуногуни илмӣ ва фарҳангӣ идома меёбад, барои тақвияти ҳамкориҳои илмию академикӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь