6 майи соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан, раиси Федератсияи футболи шаҳр Абдусаттор Қодирӣ роҳбарияти клуби футбол ва мураббии нави дастаи футболи “Истаравшан”-ро ба ҳузур пазируфт.
Нахуст натиҷаҳои 7 бозии соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифта, сабабу омил ва мушкилиҳои мавҷуда аз роҳбарияти даста ва капитани даста пурсида шуд.
Таъкид гардид, ки мавқеи кунунии клуб дар ҷадвали Лигаи олӣ дар соли 2026 роҳбарияти Федератсияи вилоят ва шаҳрро қонеъ намекунад.
Зеро, бо назардошти шароити мавҷуда имкони бештар барои беҳбудӣ бахшидан ба натиҷаҳои бозӣ муҳайё буда, аз масъулини самти варзиш, роҳбарияти клуби футбол ва футболбозону варзишгарони шаҳр дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмии даставӣ, талошу заҳматҳои иловагӣ талаб карда, тақозо карда шуд, ки нишондиҳандаҳоро боз ҳам хубтару беҳтар намоянд.
Зимни мулоқот аз ҷониби раиси Федератсияи футболи шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ дар назди мураббии нав барои идомаи иштирок дар Лигаи Олӣ-2026, аз ҷумла интихоби бозингарон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки Амин Субҳонӣ мутахассис аз Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, дорандаи иҷозатномаи мураббии PRO мебошад ва якчанд сол ба ҳайси сармураббии дастаи футболи “КМВА” ва “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор фаъолият кардааст.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь