Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандон Аминова Ганҷина, ки қаблан се маротиба суд шудааст ва Амиргулхонов Шаҳриёр, сокинони 39-солаи шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон дастгир карда шуданд.
Номбурдагон худро ҳамчун намояндагони як ширкати хайриявии хориҷӣ муаррифӣ намуда, бо ваъдаи таъмин намудани манзили истиқоматӣ аз шаҳрвандон маблағҳои калони пулӣ талаб карда гирифтаанд.
Айни замон 5 ҳолати ҷинояти қаллобии номбурдагон муайян карда шудааст, ки зарари расонидаи онҳо ба шаҳрвандон 1 миллиону 62 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки агар аз кирдорҳои ҷиноятии ин ду нафар ҷабр дида бошанд, тавассути рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.
Гумонбаршавандагон айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь