Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Оятулло Гиляев, сокини 38-солаи Душанберо бо иттиҳоми қаллобии махсусан калон боздошт кардааст.
Ба иттиллои ин ниҳод, ӯ худро намояндаи ширкате дар Арабистони Саудӣ муаррифӣ карда, нафарони зиёдеро, ки қасди сафар ба Хонаи Худо доштанд, фиреб кардааст.
Таъкид шудааст, ки дастгиршуда дар 931 лаҳзаи қаллобӣ бо зарари наздики 4 млн сомонӣ гумонбар аст.
Гуфта мешавад, ки ӯ дар гузашта аъзои “Гурӯҳи-24”* буд, ва пас аз пушанмонӣ ба Ватан баргашт ва афв шуда буд.
Ҳамакнун алайҳи Гиляев бо иттиҳоми қаллобӣ бо моддаи 247, қисми 4-и КҶ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки он то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Блоки рекламавӣ



