Дар Душанбе кормандони Шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятӣ дар пойтахт сокини 29-солаи пойтахт Зокиров Бахтоварро дастгир карданд. Дар ин бора аз раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар додаанд.
Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мард дар содир кардани як қатор амалҳои қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Дар ҷараёни санҷиши пешакӣ муайян карда шуд, ки ӯ худро корманди баландпояи милитсия ва инчунин муовини аввали яке аз роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ меномид.
Бо баҳонаҳои гуногун гумонбаршуда аз шаҳрвандон маблағҳои калони пулӣ мегирифт, ки онҳоро барои мақсадҳои шахсӣ истифода мебурд. Ғайр аз ин, тибқи маълумоти вазорати корҳои дохилӣ, вай аз таҳдидҳу фиребгарӣ истифода мекардааст.
Дар айни замон нисбати боздоштшуда маводи зарурӣ ҷамъоварӣ карда шуда, санҷиш гузаронида мешавад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрвандонеро, ки аз амали гумонбаршуда зарар дидаанд, даъват кардаанд, ки бо рақами (WhatsApp ва Telegram) ба милитсияи пойтахт муроҷиат кунанд: +992 018-02-02-02.

Қаллоб ба даст афтод
Блоки рекламавӣ


