Размикори тоҷик Ҳалим Назрулоев (11-0) 30-юми август дар лигаи муҳорибаи ACBJJ аввалини набарди худро анҷом медиҳад.

Дар мусобиқаи ACBJJ 22 дар Истамбул, ӯ дар риштаи No-Gi – набард бе кимоно рақобат хоҳад кард.

Рақиби ӯ размкори қазоқ Асу Алмабоев (24-3) хоҳад буд. Ин мубориза дар вазни 60 кг мақоми All-Stars Title Match хоҳад гирифт.

Ин аввалин муборизаи Назрулоеви 27-сола дар ACBJJ хоҳад буд. Ӯ фаъолияти касбии MMA-и худро соли 2019 оғоз карда, дар RCC ва ONE Championship ширкат кардааст.

Охирин муборизаи варзишгари тоҷик 4 июли соли 2026 дар RCC 25 баргузор шуд, ки дар он ӯ Рафаэл Костаро бо зарбаи сар нокаут кард. Пас аз пирӯзӣ, Назрулоев хоҳиши бастани шартнома бо UFC-ро эълон кард.

Размикори дигари тоҷик, Қамариддин Ҳасанов (Комил Каратэ), низ дар ин мусобиқа ширкат хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь