Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтаанд, дар муддати ду сол ба зидди 200 нафар, аз ҷумла 80 зан бо иттиҳоми қочоқи инсон, водор кардани духтарон ба танфурӯшӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Дар як гузориши тозаи ҳукумат ба Созмони Милал ин афродро аз солҳои 2023 то соли 2025 ба ҷавобгарӣ кашидаанд ва дар ин муддат 55 парванда дар додгоҳҳо баррасӣ шуда ва аз ҷумла 38 зан барои ин ҷиноят ҷазо гирифтаанд.
Дар муддати ин солҳо бештар аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба ҷое барои танфурӯшӣ ва ё кор бурда ва истисмор шудаанд.
Мақомоти расмӣ вақтҳои ахир дар бораи ба кишварҳои арабӣ бурдану ба танфурӯшӣ маҷбур кардани духтарони тоҷик мегӯянд ва чанде пеш як овозхони ҳаваскор дар кишварро ба ин гуноҳ дастгир кардаанд.
Блоки рекламавӣ



