Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ бо ҷалби сохторҳои дахлдор, техникаҳои махсус ва иштироки фаъоли сокинон идома доранд.
Дар натиҷаи боришоти шадид ва омадани сел як қатор иншооти инфрасохторӣ, роҳҳои маҳаллӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, боғу заминҳои кишоварзӣ ва баъзе манзилҳои истиқоматӣ зарар диданд.
Бо дастури роҳбарияти ноҳия барои барқарор намудани шароити зиндагии сокинон ситоди махсус таъсис дода шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ шабонарӯзӣ идома доранд. Инчунин дар назди оромгоҳе, ки аз сел осеб дидааст, корҳои санитариву тозакунӣ ба роҳ монда шуда, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони маҳаллӣ дар покиза намудани ҳудуд аз лойоба, сангу шағал ва дигар партовҳои овардаи сел саҳми худро мегузоранд.
Ҳамзамон дар роҳи мошингарди ноҳияи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ техникаҳои пуриқтидор сафарбар гардида, роҳ аз сангрезаҳо ва лойобаҳо тоза карда мешавад. Ин тадбир барои таъмини ҳаракати бемамониати нақлиёт ва барқарор намудани робитаи доимии байни маҳалҳо аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин дар манзилҳои истиқоматӣ, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, корҳои бартарафсозии харобиҳо ва расонидани кумакҳои аввалиндараҷа идома дошта, ҳолати ҳар як оила мавриди омӯзиш қарор гирифта шуд. Барои барқарор намудани боғҳо ва заминҳои кишоварзии осебдида чораҳои зарурӣ андешида шуда, ҷараёни тоза намудани заминҳо аз таҳшинҳои сел ва омода кардани онҳо барои истифодаи минбаъда идома дорад.

Айнӣ: Пайомадҳои офати табиӣ бартараф мешавад
Блоки рекламавӣ


