1 июл бар асари боришоти шадид дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ сел омада, ба хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, заминҳои кишоварзӣ ва чанд иншооти муҳими иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ хисороти зиёд расонд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, сел аз нови Сурхӣ, сойи Кашак ва сойи Ҷарии деҳаи Каздон фаромада, ба ҳар ду деҳа ворид шудааст. Дар натиҷа роҳҳои мошингард ва пиёдагард, хатҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ, роҳҳои соҳили дарё, ҷӯйборҳо, боғҳо ва кишти зироати кишоварзӣ зарар диданд.
Ҳамчунин 11 адад мошини сабукрав, як мошини боркаши тамғаи «КамАЗ», гирду атрофи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи Каздон, беморхонаи минтақавии деҳаи Дарғ, мағозаҳои хӯрокворӣ ва дигар молу мулки шаҳрвандон аз сел осеб диданд.
Бар асари ин ҳодисаи табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ситоди ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда таъсис ёфта, ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, муайян намудани ҳаҷми хисорот ва расонидани кӯмаки аввалиндараҷа ба аҳолии зарардида ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.
Ситоди ноҳиявӣ ва гурӯҳҳои корӣ аз лаҳзаҳои аввали ҳодиса фаъолияти худро оғоз намуда, дар маҳалли офат ба таври шабонарӯзӣ корбарӣ доранд. Барои барқарор намудани роҳҳо, тоза кардани селоба, ҳифзи амнияти аҳолӣ ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида тамоми имконияту техникаҳои мавҷуда сафарбар гардидаанд.
Вазъ пурра зери назорати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар айни замон кормандони бахши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия, Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ва дигар сохторҳои дахлдор дар маҳалли ҳодиса фаъолият дошта, ҳаҷми хисороти расида ва зарари молиро муайян мекунанд.
Сокинони деҳаҳо низ ба тоза кардани манзилҳо, кӯчаву роҳҳо ва интиқоли молу мулки зарардида машғул буда, барои ҳарчи зудтар барқарор намудани шароити муқаррарии зиндагӣ саҳми худро мегузоранд.
Корҳои бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ идома дошта, маълумоти иловагӣ пас аз ҷамъбасти фаъолияти комиссияи дахлдор пешниҳод хоҳад шуд.



