Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумат барои зиёд кардани ҳаҷми буҷаи соли 2026-ро қабул кард. Тибқи тағйироти нав, ҳаҷми буҷаи кишвар барои имсол 916 миллион сомонӣ зиёд карда мешавад ва ин маблағ барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” сарф мегардад. Ҳаҷми буҷаи Тоҷикистон дар оғози соли равон 65 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда буд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон 22-юми апрел дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, “ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи мазкур равона намудани маблағҳои иловагӣ тавассути буҷаи ҷумҳуриявӣ барои рушди соҳаи энергетика, махсусан маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” мебошад.
Буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби молиёт ё андоз ва пардохтҳои гумрукӣ пур мегардад. Тибқи омори ахир, ки 29-уми апрел дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон садо дод, нақшаи даромади будҷа дар се моҳи аввали соли 2026 барзиёд иҷро шуд.
Соли равон мақомот ҳаҷми ҷаримаҳоро зиёд карда, ҳамчунин молиётҳои нав ҷорӣ карданд. Ахиран барои воридоти ҳар тонна сӯзишвории дизелӣ ва газ ба кишвар 30 евро пардохти экологӣ ҷорӣ гардид.

Ҳаҷми буҷа як миллиард сомонӣ зиёд шуд
Блоки рекламавӣ


