Ҳайкали 21-метраи Месси дар Ҳиндустон қарор дода шуд, ки канда шавад: Он аз вазиши шамол меҷунбад! Муҷассама ҳангоми сафари Месси ба Ҳиндустон дар моҳи декабр кушода шуд. Мақомоти маҳаллӣ пас аз шикоятҳо аз ноустувории пайкара аз шамоли шадид тасмим гирифтанд, ки онро аз байн бардоранд.
“Муҷассамаи 21-метраи Лионел Месси дар Колкуттаи Ҳиндустон аз вазиши шамол меҷунбад ва аз байн бурда мешавад” – гуфтааст вакили маҷлиси Бенгалии ғарбӣ Шарадват Мукерҷӣ ба AFP. Муҷассамаи ранги тиллоӣ аз нахи шишагӣ ва оҳан футболбози 38-солаи “Интер Майами” ва мунтахаби Аргентинаро тасвир мекунад, ки Ҷоми чемпионати ҷаҳонро мебардорад. Он дар давоми сафари аргентинӣ ба Ҳиндустон дар моҳи декабр кушода шуда буд. Мукерҷӣ изҳор дошт, ки муҳандисон ҳайкалро бехатар эътироф кардаанд: “Мо пай бурдем, ки ҳайкал дар шамол меҷунбад” – гуфт ӯ.Ба гуфтаи ӯ, рӯзи чоршанбе кӯшиш карданд, ки ҳайкалро бо ресмонҳо мустаҳкам банданд. Ҳанӯз маълум нест, ки он кай аз байн бурда мешавад ва оё ба ҷои дигар интиқол дода мешавад ё аз нав сохта мешавад.



