Ифтитоҳи муҷассамаи доҳии пролетариатҳои дунё дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб баъди аз таъмир баровардан ва рангубор намудани он, дар рӯзи мавлуди Владимир Илич, 22 апрели соли 2026 бо ташаббус ва дастгирии молиявии Ҳасанов О.Ф. сурат гирифт.
Чорабинӣ бо иштирок ва суханронии Ҳасанов Отахон-котиби КМ ҲКТ, Раҳмонов Бахтиёр-аъзои Раёсати КМ ҲКТ, Наимов Бозоралӣ-котиби Кумитаи ҲКТ дар шаҳри Кӯлоб, Шокиров Сайидкарим-муовини раиси Кумитаи кор бо чанговарони башардӯсти шаҳри Кӯлоб, Орифзода Амирхон-аъзои фаъоли ҲКТ, Холбобоев Абдулло-ҷонибдори ҲКТ дар муҳиту фазои озоду созанда баргузор гашт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь