Дар ноҳияи Ҷайҳун дар арафаи оғози соли нави таҳсил ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 300 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд сару либоси мактабӣ тақдим карда шуд.
Ин иқдоми хайриявӣ бо мақсади дастгирии иҷтимоии кӯдакону наврасони ниёзманд ва фароҳам овардани шароити муносиб барои идомаи таҳсили онҳо амалӣ гардид.
Дар доираи ин ташаббус, ки бо дастгирии раиси ноҳияи Ҷайҳун Ализод Азизулло роҳандозӣ шудааст, хонандагони ниёзманд барои оғози соли нави хониш бо либоси зарурии мактабӣ таъмин шуданд.
Мақсади асосии чунин иқдомҳо дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа, фароҳам овардани имконияти баробар барои таҳсил ва рӯҳбаланд намудани кӯдакон мебошад.
Тақдими сару либоси мактабӣ ба хонандагони ниёзманд дар остонаи соли нави таҳсил ба онҳо имкон медиҳад, ки бо рӯҳияи болида ва омодагии бештар ба дарсҳо ҳозир шаванд.
Чунин ташаббусҳои иҷтимоӣ аз таваҷҷуҳи пайваста ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии кӯдакон ва дастгирии оилаҳои ниёзманд дарак медиҳанд.



