Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар, бо иштироки раиси шаҳр, масъулони Раёсати маорифи вилояти Хатлон, роҳбарияти шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ва доираи васеи кормандони соҳаи маориф, машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардида, зиёда аз 100 нафар кормандони соҳаи маориф қадрдонии шуданд.

Дар оғози чорабинӣ дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар намоиши дастовардҳои соҳаи маориф ташкил карда шуд. Масъулон аз намоиш дидан намуда, ба дастовардҳои омӯзгорон ва муассисаҳои таълимии шаҳр баҳои баланд доданд.
Сипас, кори машварат дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар идома ёфт. Зимни он натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маориф дар соли таҳсили гузашта таҳлил гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли нави таҳсил муайян карда шуданд.
Дар машварат масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, истифодаи усулҳои муосири таълим ва баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати хонандагон ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Яке аз бахшҳои муҳими машварат маросими қадрдонии кормандони фаъоли соҳа буд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 100 нафар кормандони соҳаи маорифи шаҳри Бохтар барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф бо сипоснома, ифтихорнома, нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Аз ҷумла, беш аз 50 нафар кормандони фаъоли соҳа аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Зимни маросими қадрдонӣ саҳми арзандаи омӯзгорон дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи насли наврас ва рушди низоми таълиму тарбия таъкид гардид.
Раиси шаҳри Бохтар ба омӯзгорону кормандони соҳа барои меҳнати содиқона, фаъолияти самарабахш ва саҳми арзандаашон изҳори сипос намуда, онҳоро ба фаъолияти боз ҳам пурсамар дар соли нави таҳсил ҳидоят кард.
Машварати августӣ ҳамчун майдони муҳими таҳлил ва натиҷагирӣ, барои муайян намудани вазифаҳои нав ва омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар ба соли нави таҳсил заминаи мусоид фароҳам овард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь