Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ субҳи 27 апрел ба Санкт-Петербурги Русия ворид шуд. Хабаргузории Irna менависад, ки “Қосим Ҷалолӣ, сафири Эрон ва баъзе мансабдорони Русия “ҷаноби Ироқчиро қабул карданд. Аббос Ироқчӣ бо “рейси 168” (номи ин хатти ҳавоӣ ба хотири кӯдаконе, ки дар мактаби Миноб дар соатҳои аввали ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон кушта шудаанд, гузошта шудааст) ба Русия рафт.
Мақсади сафари ҷаноби Ироқчӣ “мулоқот ва гуфтушунид бо президенти Русия Владимир Путин” буд. Вазири умури хориҷии Эрон бори дуввум дар се рӯз пас аз сафар ба Маскат ва мулоқот бо мансабдорони Уммон рӯзи якшанбе ба Исломобод рафт ва пеш аз сафар ба Петербург бо мансабдорони покистонӣ мулоқот кард.
Тафсилоти дақиқи ин вохӯриҳо ва сабабҳои бозгашти ӯ аз Уммон ба Покистон ҳанӯз шарҳ дода нашудааст.
Аммо маҷаллаи амрикоии Axios менависад, ки дар нақшаи нави Эрон, ин кишвар ба ҷои кушодани тангаи Ҳурмуз ба ИМА пешниҳод кард, то ҷанг то абад хотима ёбад ва аз байн равад.
Ин дар ҳоле аст, ки Президенти ИМА Доналд Трамп борҳо мавзӯи барномаи ҳастаии Эронро ҳадафи асосии худ дар гуфтушунид ва ҳатто сабаби ҷанг бо Эрон номидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь