Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар 8 моҳи соли ҷорӣ 7369 ронанда барои риоя накардани талаботи қонунгузории соҳаи нақлиёт ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Тибқи иттилои Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар, маблағи умумии ҷаримаҳо 2 миллиону 431 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Роҳбари ниҳоди мазкур Абдуллозода Баҳром ба «Фараҳ» гуфт, ки дар байни ронандагони ҷаримашуда 346 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн мебошанд. Онҳо барои риоя накардани меъёри муқарраршудаи вазнӣ ҳар кадоме ба маблағи 3 ҳазору 900 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, масъулини соҳа барои танзими ҳаракати нақлиёт, назорати вазни воситаҳои нақлиёт ва пешгирии қонуншиканиҳо аз ҷониби ронандагон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.



