20-уми август Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ, ба хусус бо рафти бунёди иншооти бузурги аср неругоҳи Роғун, ба шаҳри Роғун рафт.

Президент дар маркази шаҳри Роғун бинои нави прокуратураро, ки 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст, ошхона, толор барои варзиш ва дигар утоқҳои ёрирасон дорад, ба истифода дод.

Дар идома бинои нави нозироти андози шаҳр, ки аз 10 ҳуҷраи корӣ, компютерӣ, машваратӣ, толори калони маҷлис бо 80 ҷойи нишаст, маркази хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, инчунин китобхона, бойгонӣ, ҳуҷраҳои таҷҳизоти зиддисухтор ва техникӣ иборат аст, ифтитоҳ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Роғун ду иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дод. Дар кӯчаи ба номи Олим Карими шаҳраки Оби Гарм бинои нави ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Осоишгоҳи асри 21, ки дорои ҳуҷраҳои табобатию истироҳатӣ, ҳавзҳои оби шифобахш, ошхона ва толори варзишӣ буда, барои қабули то 40 истироҳаткунанда дар як вақт пешбинӣ шудааст, ба фаъолият шуруъ кард.

Дар деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун бинои нави Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳр мавриди истифода қарор гирифт. Бино дорои 9 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва 19 ҳуҷраи истироҳатӣ мебошад.

Сипас, Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи Роғун аз хобгоҳи бунёднамудаи Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Тоҷикгидроэлектромонтаж боздид кард. Хобгоҳи нав дар асоси меъёрҳои сохтмонӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити зисту истироҳати кормандони ширкат сохта шуда, дар он 84 ҳуҷраи хоб, мавҷуд мебошад. Ҳуҷраҳои хобгоҳ бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, барои кормандон шароити муосири истиқомат фароҳам гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь