Дар шаш моҳи аввали соли 2026 нисбати 58 нафар корманди шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Бохтар хабар дода шуд.
Тибқи иттилои масъулин, ҳолатҳои бештари ҳуқуқвайронкунӣ ба фаъолияти кормандони шабакаҳои барқи ноҳияҳои Дӯстӣ, Вахш ва Панҷ рост меояд.
Гуфта шуд, ки нисбати шахсони гунаҳкор аз 3 то 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима татбиқ шудааст.
Масъулини соҳа таъкид карданд, ки риояи қонунгузорӣ ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳои хизматӣ аз талаботи асосии фаъолияти кормандони шабакаҳои барқӣ ба ҳисоб меравад.
Блоки рекламавӣ



