Дар Ҷакартаи Индонезия Чемпионати бокси Осиё байни варзишгарони синну соли то 19 ва то 23-сола идома дорад. Рӯзи нуҳуми мусобиқа, 13-уми июл, ба дастаи Тоҷикистон ду нишон овард, ки ҳарду биринҷӣ буданд.

Фариноз Абдуллоева, ки дастаи Тоҷикистонро дар вазни 54 кг дар байни то 19-солаҳо намояндагӣ мекард, ба нимниҳоӣ баромад ва дар он ҷо аз Сабрина Чакоманова аз Узбекистон мағлуб шуд. Бо вуҷуди шикаст, Абдуллоева нишони биринҷӣ ба даст овард, ки аввалин нишони Тоҷикистон дар ин чемпионат аст.

Абдуллоева дар аввалин мусобиқаи худ Ширин Турсалиеваро аз Қирғизистон мағлуб кард. Доварон якдилона пирӯзиро ба варзишгари тоҷик бо ҳисоби 5-0 доданд. Ин пирӯзӣ ба Абдуллоева имкон дод, ки ба нимниҳоӣ роҳ ёбад.

Дар ҳамон рӯз, намояндаи дигари дастаи мо, Хоҷамуъминҷон Холов, низ ба ринг баромад. Дар вазни 80 кг дар байни ҷавонон, ӯ ба ниниҳоӣ баромад ва дар он ҷо бо муштзани қазоқистонӣ Тимур Тайбеков рӯбарӯ шуд. Варзишгари тоҷик дар он рақобат шикаст хӯрд, аммо дар ниҳоят нишони биринҷӣ ба даст овард.

Ҳамин тавр, дастаи Тоҷикистон ҳоло дар чемпионати қитъавӣ ду ҷоиза дорад, ки ҳарду дар байни то 19-солаҳо ба даст оварда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь