Фурудгоҳи Душанбе: Рақами қалбакии давлатии воситаи нақлиёт ошкор гардид
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як ҳолати ворид намудани ғайриқонунии рақами қайди давлатии воситаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор шуд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ барои пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои воридоту содироти ғайриқонунии молу маҳсулот тавассути Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», дар хатсайри самти «Москва – Душанбе» як адад бағоҷи мусофир Ш.Е мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Дар рафти азназаргузаронии бағоҷ дар дохили он як ҷуфт рақами қайди давлатии воситаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами «TJ 0888 DM 01» дарёфт гардид.
Бино ба хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, ин рақам аслӣ набуда, аз рӯи сифати металл, ҷойгиршавии рақамҳо ва ҳарфҳо, чопи голографӣ, мавҷуд набудани штрих-код дар қисми қафо ва дигар аломатҳои муҳофизатӣ аз рақамҳои расмии аз ҷониби мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ додашаванда фарқ мекунад.
Бо назардошти ҳолатҳои ошкоршуда ва дар асоси маводи ҷамъоваришуда, аз ҷониби Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон бо аломатҳои моддаи 212¹ қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Блоки рекламавӣ



