Дар вилояти Хатлон ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 79 иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз аз ин шумора 26 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар ин бора сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз иншооти ба истифода додашуда 20 майдончаи варзишӣ, 5 толори варзишӣ ва 1 ҳавзи шиноварӣ мебошанд. Барои сохтмони онҳо дар маҷмӯъ 13,8 миллион сомонӣ масраф шудааст.
Манбаъ афзуд, ки аз маблағи умумӣ 1,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷет, 2,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва қисми боқимонда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст маблағгузорӣ гардидааст.
Ҳамзамон зикр шуд, ки шумораи ҷавонон дар вилояти Хатлон ба 1 миллиону 53 ҳазору 110 нафар расидааст. Аз ин шумора 759 ҳазору 451 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь