300 намояндаи воситаҳои ахбори омма ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе–пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад, меоянд.
Конфронс аз ҷониби хабарнигорон аз оҷонсиҳои бонуфузи иттилоотии ҷаҳон, шабакаҳои телевизионӣ ва нашрияҳо, аз ҷумла «Синьхуа» (Чин), «AL JAZEERA» (Қатар), «Reuters» (Британияи Кабир), «L’Express», «LeMonde» (Британияи Кабир), «Pakistan TV Digital (PTV)» «ABN NewsPakistan», MT Mir, NTV (Русия), «Azertaj» MT Mir, NTV (Русия), Озарбойҷон, «EnviroNews» (Нигерия), «SociedadedoNoticians» Мозамбик, Eurasian Pravda (Беларус), «Kuon» Камбоҷа, «TuranTales» Лаҳистон ва дигар воситаҳои ахбори оммаи бонуфуз инъикос мегардад:
« Аз 24 то 29 май барои намояндагони воситаҳои ахбори омма тамоми шароити зарурӣ барои иштирок дар форумҳо, ҷаласаҳои пленарӣ ва сафарҳо ба маконҳои сайёҳии берун аз шаҳр фароҳам оварда мешаванд.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028 аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

300 журналист “барои об” ба Душанбе меоянд
Блоки рекламавӣ


