Аз 29 июл то 1 август дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ хавфи селҳои пиряхӣ ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мешавад.

Мувофиқи маълумоти Оҷонсии ҳавошиносӣ, дар ин рӯзҳо, бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хавфи сар задани селҳои хусусияти пиряхӣ дошта пешгӯӣ гардидааст.

Ҳамзамон, дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи оби дарёҳо дар назар дошта мешавад.

КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки аз сафарҳои бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ, соҳилҳои дарёҳо ва мавзеъҳои хавфи селдошта худдорӣ намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь