Раҳбарони 26 кишвар хостори бозгашти вазъияти одии киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз шудаанд.
Ин баёния аз ҷониби кишварҳое чун Бритония, Фаронса, Баҳрайн, Канада, Олмон, Ҷопон, Қатар ва Кореяи Ҷанубӣ 14-уми май пахш шудааст.
Раҳбарони ин кишварҳо ваъда додааанд, ки “бо истифода аз имкониятҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва низомӣ барои ҳимоят аз озодии киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз” талош мекунанд.
Ин кишварҳо ҳамчунин хостори ташкили маъмурияти чандмиллатӣ барои расидан ба ин ҳадаф, аз ҷумла “амалиёти поксозии минаҳо” шудаанд.
Дар ин баёния омадааст, “киштиронӣ бояд мутобиқ ба муқаррароти Конвенсияи ҳуқуқи баҳрҳои Созмони Милали Муттаҳид (UNCLOS) ва қонунҳои байналмилалӣ озод бошад”.
Обдараи Ҳурмуз яке аз мавзӯъҳои гуфтугӯи ахири Доналд Трамп ва Си Ҷинпин буд. Ба гуфтаи Президенти Амрико, ҳамтои чинии ӯ “моил аст обдараи Ҳурмуз боз бошад” ва барои дастёбӣ ба тавофуқе бо Эрон пешниҳоди кумак додааст.
Тангии Ҳурмуз яке аз оброҳаҳои муҳим барои киштиронии ҷаҳонӣ аст. То оғози ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон, 20 дарсад нафти ҷаҳон аз ин тариқ мегузашт. Баъди оғози ҷанг Амрико аз ду ҷониб ва ҳам Эрон гузаштан аз ин масирро амалан бастаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь