Дар соли 2027, Душанбе бори аввал мусобиқаи гимнастикаи бадеии сатҳи ҷаҳониро мизбонӣ хоҳад кард.

Чемпионати гимнастикаи акробатикии Осиё, ки дар он беҳтарин гимнастҳои қитъа иштирок мекунанд, дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин қарор яке аз натиҷаҳои асосии ҷаласаҳои роҳбарияти гимнастикаи ҷаҳонӣ буд, ки дар пойтахти кишвар баргузор шуданд.

Аз 20 то 25-уми июл Душанбе ба маркази гимнастикаи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар ин ҷо бори аввал дар таърих ҷаласаҳои Комиссияи президентӣ ва Кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии гимнастика баргузор шуданд.

Чеҳраҳои маъруфи ҷомеаи гимнастикаи ҷаҳонӣ – президенти World Gymnastics Моринари Ватанабэ, президенти Иттифоқи гимнастикаи Осиё Абдурраҳмон аш-Шатрӣ, инчунин ноиби президентҳо, дабири кулл, аъзои Кумитаи иҷроия ва намояндагони федератсияҳои миллӣ ба Душанбе омада буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь