Дирӯз ва субҳи имрӯз се бозии дигари марҳилаи 1\16-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол баргузор шуданд, ки баъди он Норвеж, Фаронса ва Мексик ба даври дигар роҳхат гирифтанд.
Норвеж бар Соҳили Оҷ бо ҳисоби 2:1 зафар ёфт, ки голи ҳалкунандаро Ҳолланд зад. Акнун дар даври дигар ин даста бо Бразилия рӯ ба рӯ мешавад. Фаронса бо дубли Мбаппе ҳисоби бузурги 3:0 Суидро ноком кард. Дар марҳилаи баъдӣ Фаронса бо Парагвай бозӣ мекунад. Мексик Эквадорро шикаст (2:0) дод.
Бозиҳои дигари даври 1\16-ниҳоӣ идома доранд.
Блоки рекламавӣ



