Соли гузашта бештар аз 702 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишвар бо ҳадафи муҳоҷирати корӣ ба хориҷ рафтаанд, ки дар муқоиса ба соли 2024 тақрибан 100 ҳазор нафар камтар аст. Дар омори расмии рафтуомади муҳоҷирон дар соли 2024 бештар аз 790 ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд ва дар байни онҳо бештар аз 200 ҳазор нафарашон зан будаанд.
Дар бораи сабабҳои майли камтари мардум ба муҳоҷирати корӣ нагуфтаанд, аммо бино ба гузоришҳо, сахт шудани муқаррароти кору иқомат дар Русия, мизбони асосии муҳоҷирони тоҷик аз иллатҳои коҳиши муҳоҷирати кории тоҷикон аст.
Ҷомеашиносон бадрафтории маъмурони милиса бо муҳоҷирони тоҷик, аз роҳ бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ва ба Русия роҳ надодани ҳазорон нафари онҳоро аз сабабҳои дигари камтар шудани муҳоҷирати корӣ медонанд.

2025: Тоҷикистониён камтар ба муҳоҷират рафтаанд
Блоки рекламавӣ


