Дар шаҳри Бохтар солҳои охир бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ вусъати тоза гирифта, симои шаҳр тадриҷан тағйир меёбад. Барои солҳои 2022–2026 дар шаҳри Бохтар сохтмони 255 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Эмомалӣ Юсуфзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз аз шумораи умумии биноҳои ба нақша гирифташуда 109 бино сохта шуда, ба истифода дода шудааст. Сохтмони биноҳои баландошёна на танҳо ба рушди инфрасохтори шаҳр мусоидат мекунад, балки барои таъмин намудани сокинон бо манзили зисти замонавӣ имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Айни ҳол арзиши як метри мураббаъ манзил дар биноҳои баландошёна вобаста ба ҷойгиршавӣ ва шароити бино аз 4 ҳазору 500 то 7 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Сокинон имконият доранд, ки бо пардохти 20 дарсади маблағи манзил соҳиби хонаи истиқоматӣ шаванд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими ин биноҳо фароҳам овардани шароити зарурӣ барои сокинон мебошад. Дар ошёнаҳои якум мағозаҳои хӯрокворӣ, нуқтаҳои фурӯши либос ва дигар иншооти хизматрасонӣ ҷойгир карда шудаанд. Барои кӯдакон низ майдончаҳои бозӣ бунёд гардида, дар таҳхонаҳои баъзе биноҳо таваққуфгоҳҳо пешбинӣ шудаанд.
Ҳамзамон, сохтмони қисми боқимондаи биноҳои баландошёна идома дошта, дар ин раванд беш аз 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин шудаанд.
Бунёди манзилҳои баландошёна дар Бохтар аз ҷумлаи тадбирҳое мебошад, ки ба рушди шаҳрсозӣ, беҳтар гардидани муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон равона шудааст.
Бо идомаи корҳои сохтмонӣ, интизор меравад, ки дар солҳои наздик симои меъмории шаҳри Бохтар боз ҳам зебову муосир гардида, шумораи манзилҳои дастрас барои сокинон афзоиш ёбад.



