Фарсудагию набудани техникаи лозимӣ дар КФД “Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Шаҳритус, иҷоранишин будани идора, қарздорӣ аз музди меҳнат, аз фаъолият мондани чароғакҳои раҳнамо ва норасоии кормандон дар корхонаи мазкур, масъулони ин ниҳодро нигарон кардааст.

Техникаҳои вайрону корношоям
Сармуҳосиби КФД “Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Шаҳритус Бахтиёр Салимов, гуфт, ки дар ихтиёри корхонаи онҳо ҳафт техника мебошад. Соли бароришашон аз солҳои пеш буда, айни замон таъмирталабу корношоям ҳастанд. Аз ин техникаҳо, ду мошини боркаш ва як тамғаи “Матаролла” коршоям буда, 4 адади дигараш вайрону корношоям ва дар ҳолати барқарорнашаванда мебошанд:
“Ин идора ба як техникаи борбардор, як мошини гидравликӣ ва як мошини обпошак ниёз дорад. Барои дастрас кардани ин техникаҳо ба МИҲД-и ноҳия ва Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардем ва интизори дасгирии онҳо мебошем.” – илова кард ин шахси масъул.

Саркашии баъзе аз аҳолӣ ва корхонаҳо аз бастани шартнома
Корхонаи онҳо ҳоло ба 1113 нафар аҳолӣ ва корхонаҳо шартнома бастааст, ки аз ин 20 ададаш муассисаҳои буҷетӣ, 148 ададаш муассисаи тиҷоратӣ ва боқимонда шартномаҳо бо аҳолӣ мебошад. Аммо, мутаассифона бисёре аз аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ аз бастани шартнома бо ин корхона истиҳола карда истодаанд.
-Айни замон дар назди корхонаи мазкур аҳолӣ 155 ҳазор сомонӣ ва беш аз 70 ҳазор сомонӣ ташкилотҳои буҷетӣ қарздор мебошанд. Корхонаи коммуналӣ бошад дар назди мақомоти андози ноҳия 160 ҳазор сомонӣ қарздор аст: “Агар сари вақт аҳолӣ ва корхонаҳо қарзро пардот намоянд, мо низ сари вақт қарзи андозро месупорем”,-илова кард Бахтиёр Салимов.

Чароғакҳои вайрона ба кӣ лозим?
Номбурда зикр кард, ки дар ноҳияи Шаҳритус ҳамагӣ 2 чароғаки раҳнамо мебошад, ки яке аз онҳо 7 ва дигараш 2 моҳ мешавад аз фаъолият бозмондаанд: “Барои таъмири онҳо мо ба мақомоти маҳаллӣ мактуб кардаем. Барои таъмири ҳардуи ин чароғакҳо 4 ҳазор сомонӣ лозим аст”.

“Ҳоло дар бинои иҷораем”
Мушкилии дигари кормандони КФД “Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Шаҳритус, иҷоранишинии онҳо мебошад,-афзуд ин шахси масъул ва гуфт, ки мо аз сабаби набудани базаи истеҳсолии корхона айни замон дар бинои ҷамъияти “Тоҷикматлубот” кору фаъолият дорем. Моҳона 1000 сомонӣ ҳаққи иҷора медиҳем. Мо бисёр танқисӣ кашида истодаем. Зеро ин бинои иҷора на парки техникӣ дораду на чизи дигар. Ӯ бо нигаронӣ гуфт, ки “собиқ корхонаҳои мо, яке дар кӯчаи Носири Хусрав ва дигараш дар ҷойи меҳмонхона, дар маркази ноҳия буд, ки дар ҷойи онҳо ҳоло дигар биноҳо бунёд шудааст ва мо аз сабаби набудани бинои худ иҷоранишин мебошем”.

Аҳоли зиёд шудааст, зӯри мо намерасад
Ба гуфтаи ин манбаъ дар ноҳия айни замон 16 нуқтаи партови муваққатӣ ва 1 партовгоҳи умумӣ мебошад, ки бо чунин техникаҳо наметавонанд сари вақт партовҳоро кашонанд. Зеро рӯз то рӯз шумораи аҳолии ноҳия зиёд шуда истодааст.

Аз қарздории музди меҳнат то норасоии кадрӣ
Мусоҳиби мо илова кард, ки корхона айни замон қарздор аз музди меҳнат мебошад, ки он ба беш аз 50 ҳазор сомонӣ расидааст. Танҳо аз ҳисоби буҷети ноҳия музди меҳнати кормандони қаторӣ дода мешавад. Аммо ҳайати роҳбарикунанда то ҳол музди маоши моҳи апрели худро нагирифтаанд.
Дар корхонаи мазкур ҳоло 34 нафар фаъолият мекунад, аммо дар корхона 50 воҳиди корӣ аст. “Ҳоло мо ба 17 нафар корманди дигар эҳтиёҷ дорем” – афзуд Бахтиёр Салимов.

Мушкилиҳоро бояд ҳал кард
МИҲД-и ноҳияи Шаҳритус ва Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки КФД “Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Шаҳритусро дастгирӣ намуда, мушкилиҳое, ки дар боло зикр карда шуданд, сари вақт бартараф намоянд. Зеро тозагии ҳар шаҳру ноҳияҳо аз ин корхона вобастагии калон дорад. Дар ҳоле, ки КФД “Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Шаҳритус бо ин қадар мушкилӣ рӯ ба рӯ мебошанд, оё метавонанд маркази ноҳияи Шаҳритусро сари вақт аз партов тоза намоянд?
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, “Фараҳ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь