Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Султон Сафарзода, нахуст қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намуданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад.
Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.
Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад».
Иҷрои дастуру супоришҳо дар амал
Сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Султон Сафарзода гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо нозироти андоз ва дигар сохторҳои дахлдор баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 корҳои зеринро ба анҷом расонида, дар соли 2026 низ баҳри иҷрои қисми даромади буҷети ноҳия, саривақт пардохт намудани музди меҳнат талош хоҳанд кард.
Нақшаи қисми даромад 104 дарсад иҷро шуд
Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии блоки иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷумла ҳамкории хуби Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо Нозирони андоз ва мақомоти маҳаллӣ буд, ки соли гузашта нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 104,0 фоиз таъмин гардида ба буҷети маҳаллӣ 68387,0 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин нисбати нақшаи пешбинигардида (2859,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда) ва нисбати ҳамин давраи соли гузушта 11,4 млн. сомонӣ ё ин ,ки 20,0 фоиз зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия соли ҷорӣ ба андози 98.5 фоиз таъмин гардидааст, маблағи (нақша 204 млн 248,2 ҳазор сомонӣ ) 204 млн 117,4 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст.
Ҳама соҳаҳо дасгтирӣ меёбанд
Ӯ афзуд, ки аз маблағи умумии хароҷот дар ноҳия 191 млн 293,5 ҳазор сомонӣ ба соҳаҳои иҷтимоиёт аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимои аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш равона гардидааст, ки 95, 1 фоизи хароҷотро дар бар мегирад.
Таҳлили иҷроиши қисми хароҷоти маҳаллӣ аз руи гуруҳбандии иқтисодии буҷетӣ нишон медиҳад, ки то ба имрӯз дар назди муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби моддаҳои ҳимояшаванда қарздори вуҷуд надорад.
Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти кишварро бо дастоварди назаррас истиқбол мегирем
Кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва нақша чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Раёсатро пурра аз таъмири асосӣ бароварда барои кормандон таоми шароити кориро фароҳам оварданд.
Масъулони Раёсати мазкур ҳама талошҳои худро баҳри дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза бахшидаанд.
Нақшаҳо баҳри рушди молия
Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар оянда низ ҷиҳати саривақт таъмин намудани нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми чора ва имкониятҳои иловагиро роҳандози менамояд.
Онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар доираи даромади маблағҳои андозӣ, маблағгузории мақсаднок ва самаранок чорабиниҳоеро, ки дар семоҳаи якуми соли 2026 пешбинӣ шудаанд таъмин намоянд.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев



