Барои огоҳӣ пайдо кардан аз фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳри Бохтар бо директори корхона Нурализода Умедҷон суҳбат анҷом додем.

Мавсуф дар оғози суҳбат иброз дошт, ки фаъолияти кормандони корхона дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи корхона, қарорҳо ва амрҳои Раиси шаҳри Бохтар ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ба роҳ монда шуда, барои иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосии фаъолияти корхона хизмати содиқона ба халқу Ватани азиз мебошад.

Нақша барзиёд иҷро шуд

Дар шаш моҳи соли 2026 кормандони корхона барои иҷрои вазифаҳое, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа бармеоянд, фаъолияти пурсамар нишон дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Тибқи иттилои директори корхона, нақшаи даромад 1 миллиону 247 ҳазору 676 сомонӣ пешбинӣ гардида, амалан 1 миллиону 654 ҳазору 373 сомонӣ иҷро шудааст, ки 132 фоиз-и нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, ба буҷети давлатӣ 527 ҳазору 320 сомонӣ андозҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ пардохт гардида, корхона аз рӯи ҳамаи намуди пардохтҳо қарздор нест.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхона 782 шиносномаи техникӣ, 295 шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатии қитъаҳои замин, 522 парвандаи заминсозӣ таҳия гардида, 1289 бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ ба қайд гирифта шуд. Инчунин 620 тағйироти ҷорӣ ва 147 бақайдгирии гарави молу мулки ғайриманқул анҷом дода шудааст.

Паём – роҳнамои фаъолият

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 баён гардидаанд, нақшаи чорабиниҳои корхона таҳия ва тасдиқ шуда, татбиқи он зери назорати доимӣ қарор дорад.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар кормандони корхона дар вохӯриҳо ва мулоқотҳои тарғиботӣ иштирок намуда, муҳтавои Паёмро ба шаҳрвандон шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар вохӯриҳо ба масъалаҳои рушди саноат, соҳибкорӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, рушди инфрасохтор, истиқлолияти энергетикӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Шаффофият

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти корхона пешгирии омилҳои коррупсионӣ мебошад.

Бо ин мақсад дар бинои корхона нархномаи хизматрасониҳо насб гардида, шаҳрвандон мунтазам огоҳ карда мешаванд, ки маблағи хизматрасониҳоро танҳо тариқи бонк пардохт намоянд. Ин тадбир ба шаффофияти фаъолият ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат мекунад.

Истиқлолият

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона ҳуҷҷатгузории иншооти ҷашниро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом медиҳад.

Айни замон ҳуҷҷатгузории 9 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаҳои Кайҳонавардон ва Шариф Зубайдов пурра ба анҷом расида, онҳо ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Танзим – омили фарҳанги миллӣ

Дар корхона комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолият намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам баргузор мегарданд.

Дар маҷлисҳо ба кормандон муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳ дода шуда, дар корхона гӯшаи махсуси қонун низ ташкил гардидааст.

Муроҷиатҳо сари вақт баррасӣ мешаванд

Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар шаш моҳи соли равон ба шуъбаи бақайдгирӣ 3375, ба шуъбаи заминсозӣ 323 ва ба маъмурияти корхона 334 муроҷиат ворид гардида, ҳамаи онҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ ва ҳаллу фасл шудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани дониш ва маҳорати касбии кормандон ҳар моҳ ду маротиба дарсҳои худомӯзӣ оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа баргузор карда мешаванд.

Шароити беҳтари кор

Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бинои корхона ва утоқҳои корӣ пурра таъмири асосӣ шуда, барои кормандон шароити мусоиди меҳнат фароҳам оварда шуд.

Барои корҳои таъмиру ободонӣ 26 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

 Ободонӣ идома дорад

Кормандони корхона дар корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии маҷмааи «Водии Вахш» иштироки фаъол намуда, бахшида ба Наврӯз ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ корҳои гулшинонӣ ва дарахтшинониро анҷом доданд.

Барои иҷрои ин тадбирҳо 13 ҳазору 500 сомонӣ маблағ масраф шудааст.

Ҳадаф – натиҷаҳои боз ҳам беҳтар

Нурализода Умедҷон дар фарҷоми суҳбат таъкид намуд, ки ҳайати кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳри Бохтар минбаъд низ тамоми имконияту нерӯи худро барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолию молиявӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагии кишвар равона намуда, ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол хоҳанд гирифт.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь