«Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет ва гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад».

Эмомалӣ Раҳмон

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар даврони соҳибистиқлолӣ низоми молиявии кишвар мутобиқ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташаккул ёфта, имрӯз ба яке аз бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Дар ин раванд мақомоти молия дар таъмини иҷрои буҷет, истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар нақши муҳим доранд.

Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ хабарнигори мо бо сардори Раёсат Самадзода Саиднизомиддин суҳбат анҷом дод.

Нақшаи даромади буҷет

Ба гуфтаи Самадзода Саиднизомиддин, дар натиҷаи ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Нозироти андоз ва Раёсати молия нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар шаш моҳи соли 2026 пурра таъмин гардид.

Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 43 миллиону 824 ҳазору 953 сомонӣ пешбинӣ шуда, иҷрои воқеии он 43 миллиону 896 ҳазору 242 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақша 71 ҳазору 289 сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷет бошад, 95 миллиону 882 ҳазору 481 сомониро ташкил дода, иҷрои он 90 миллиону 962 ҳазору 252 сомонӣ ё 95 фоиз таъмин шудааст.

Аз маблағҳои харҷшуда беш аз 64,4 миллион сомонӣ ба соҳаи маориф, зиёда аз 20,5 миллион сомонӣ ба соҳаи тандурустӣ ва беш аз 6 миллион сомонӣ ба дигар соҳаҳои буҷетӣ равона гардидааст.

Пардохти музди меҳнат

Зикр гардид, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Раёсат таъмини саривақтии музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва пардохти маблағҳои ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои пардохти музди меҳнат 65 миллиону 15 ҳазору 893 сомонӣ ва барои фонди ҳифзи иҷтимоӣ 16 миллиону 79 ҳазору 598 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ҳамчунин зиёда аз 40 фоизи рухсатпулии омӯзгорон пардохт шуда, тибқи нақша дар рӯзҳои наздик маблағи боқимонда низ пурра пардохт карда мешавад.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ бо дастгирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пурра аз таъмири асосӣ бароварда мешавад.

Ба гуфтаи роҳбарияти Раёсат, муҳайё намудани шароити хуби корӣ барои кормандон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ аз ҳадафҳои асосии фаъолияти онҳо ба ҳисоб меравад.

Иҷрои супоришҳо

Самадзода Саиднизомиддин таъкид намуд, ки кормандони Раёсат фаъолияти худро барои татбиқи босамари сиёсати молиявию буҷетӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатӣ, таъмини воридоти саривақтии андозҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон равона намудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва такмили донишҳои касбӣ низ дар меҳвари фаъолияти Раёсат қарор дорад.

Дар фарҷоми суҳбат Самадзода Саиднизомиддин изҳор дошт, ки кормандони Раёсат минбаъд низ бо масъулияти баланд баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ фаъолияти худро идома дода, ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол хоҳанд гирифт.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь