Пардохти саривақтии андоз омили пойдории давлат ва рушди он таъмини зиндагии ҳар як шаҳрванд дар ҷомеа мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Сиёсати андоз ҳамчун яке аз омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, бояд пеш аз ҳама барои рушди устувори иқтисодии кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ равона шуда, барои зиёд гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ мусоидат намояд.

Рушди иқтисодиёт аз шаффофияти андоз аст

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва Нозироти андоз, ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиалӣ содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Дӯсти бо роҳбари он Умарзода Сорбон сӯҳбат кардем, ки фишурдаи онро пешкаши хонанда мегардонем.

Андоз бақои давлат аст

Мавсуф дар оғози сӯҳбат гуфт, ки дасгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и ноҳия ва Раёсати андози вилояти Хатлон ва заҳматҳои шабонарӯзии кормандони Нозироти андози ноҳияи Дӯстӣ буд, ки давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ нақшаи андози ноҳия барзиёд иҷро гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи андози ноҳияи Дӯстӣ дар ин давра 20030348 сомонӣ буд, аммо дар натиҷаи корбарии дурусти кормандони Нозироти андози ноҳия он 20199512 сомонӣ иҷро гардид, ки ин аз нақша наздики 170 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Роҳбарият Нозироти андози ноҳияи Дӯстӣ ва кормандони он дар якҷояги бо мақомоти маҳаллӣ дар оянда низ ҳама донишу малакаи худро сарф карда, нақшаи ҳама намуд андозҳои ноҳияро барзиёд иҷро менамоянд.

Иҷрои дастуру супоришҳои дар амал татбиқ мешавад

Кайд гардид, ки баҳри кам кардани бақияпулии андоз, баланд бардоштани сатҳи огоҳии андозупорандагон, истифодаи барномаи мобилии “Андози ман”, саривақт супоридани андозҳои давлатӣ миёни андосупорандагон ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа, корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр карда, азм доранд, ки дар моҳҳои ояндаи соли 2026 нақшаи андози ноҳияро барзиёд таъмин созанд.

Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатиро дар сатҳи баланд истиқбол мегирем

Дар фароварди суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Дӯстӣ, минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, кам намудани бақияи қарзи андозҳо, беҳтар намудани сифати корҳои назоратӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тамоми донишу малакаи худро истифода намуда, бо мақсади таъмини иҷроиши нақшаи пешбинишудаи воридоти андозҳо чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷроиши нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026”-ро таъмин намояд.

Масъулони Нозироти андози ноҳияи Дӯстӣ барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ дида истоданд, то ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь