Хатҳои уфуқӣ самти ҳаракатро нишон медиҳанд, ҳудудро муайян мекунанд, ронандаро ҳушдор медиҳанд ва дар лаҳзаҳои ҳассос ба қабули қарори дуруст мусоидат менамоянд. Онҳо шояд дар назари аввал ҷузъиёти одӣ намоянд, аммо дар низоми мураккаби нигороҳдории роҳ рисолати хоса доранд. Вазифаи аввалиндараҷаи хатҳои уфуқӣ коҳиш додани хавфи садамаҳо мебошад. Вақте ронанда ҳудуди ҳаракат ва канори роҳро равшан мебинад, эҳтимоли ба хатти муқобил баромадан, аз қисми ҳаракат берун рафтан ё ҳангоми гардиш иштибоҳ аз байн меравад. Ин ҷанба дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон, ки баъзе қитъаҳо гардишҳои пайдарпай, нишебиҳои зиёд доранд, бениҳоят муҳим аст.
Аломатгузории уфуқӣ бевосита вайроншавии асфалтро пешгирӣ намекунад, аммо ба истифодаи дурусти роҳ мусоидат менамояд. Агар хатҳои канорӣ ва ҷудокунанда равшан бошанд, ронандагон камтар аз ҳудуди муайяншуда берун мешаванд ва ҳаракат дар қисмати пешбинишудаи роҳ сурат мегирад. Хатҳои уфуқӣ ба ронанда имкон медиҳанд, ки ҳудуди ҳаракат, самти иҷозатдодашуда, канори қисми ҳаракат ва ҷойҳои махсусро муайян намояд. Онҳо, ҳамчунин, дар ташкили ҳаракати мунтазам, пешгирии иштибоҳҳои ронандагӣ ва коҳиш додани хавфи садамаҳо нақши муҳим доранд.
Бояд гуфт, ки дар роҳ ҳар хат вазифаи муайяни худро дорад. Хатҳои меҳварӣ самтҳои муқобили ҳаракатро ҷудо мекунанд. Хатҳои фосиланок имкони гузаштан ба хатти дигарро фароҳам меоранд. Хатҳои яклухт маҳдудияти муайяни ҳаракатро ифода мекунанд. Хатҳои канорӣ ҳудуди қисми ҳаракатро муайян намуда, барои ронанда ҳамчун роҳнамои визуалӣ хизмат мекунанд. Ба ғайр аз ин, самти ҳаракатро нишон медиҳанд, хатҳои бозист ҷойи таваққуфро муайян мекунанд ва гузаргоҳҳои пиёдагардон барои ҷудо намудани минтақаи гузариши одамон хизмат менамоянд.
Ба ирбораи дигар, аломатгузории уфуқӣ ронандаро роҳнамоӣ мекунад. Ин амалҳамон вақт дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ мегардад, ки хатҳо равшан, ва ба талаботи техникии муқарраршуда мутобиқ бошанд. Агар хатҳои уфуқӣ фарсуда бошанд ронанда аз як воситаи муҳими роҳнамоӣ маҳрум мешавад.
Шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ яке аз ҷодаҳои муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин масир пойтахтро бо минтақаҳои шимолии кишвар мепайвандад ва барои ҳаракати мусофирон, интиқоли маҳсулот, фаъолияти соҳибкорӣ ва робитаҳои иқтисодӣ аҳамияти калон дорад. Хусусияти релеф, қитъаҳои кӯҳӣ, гардишҳо ва тағйирёбии шароити обу ҳаво дар чунин роҳҳо ба масъалаи бехатарии ҳаракат таваҷҷуҳи доимиро тақозо мекунанд. Дар қитъаҳое, ки гардишҳои пайдарпай, нишебӣ ё маҳдудияти дид вуҷуд доранд, хатҳои меҳварӣ ва канорӣ метавонанд ба ронанда барои дуруст муайян кардани самти ҳаракат кумак расонанд. Ин омил дар фасли тирамоҳу зимистон бештар эҳсос мешавад. Боришоти барфу борон, туман, яхбандӣ ва торикии барвақт ҳаракатро то андозае душвор мегардонанд. Дар чунин вазъият, зарурати хатҳои уфуқӣ бештар эҳсос мегардад.
Аз ин лиҳоз, кормандони “IRS”, ки нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ ба зиммаашон вогузор аст, ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса доранд. Ҳамасола аз ҷониби кормандони филиали ширкат дар масофаи садҳо километр хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд ва барои анҷоми ин амал зиёда аз 46 тонна ранги махсус истифода мешавад. Муҳим он аст, ки ин иқдом тавассути техникаи замонавӣ амалӣ шуда, кафолати муддати зиёд беосеб монданаш таъмин аст. Чунин тарзи кор ба ҳукми анъана даромада, ҳар сол чунин иқдомот бо фаро расидани фасли гармо шурӯъ гардида, баҳри ҳаракати нақлиёт ва бехатарии ронандагону мусофирон равона шудааст. Бояд гуфт, ки кашидани хатҳо кори содае нест, ки танҳо бо ранг кардани рӯйи асфалт анҷом ёбад. Барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ, пеш аз ҳама, касбияти баланд, интихоби ранг, истифодаи механизми замонавӣ ва риояи технологияи иҷрои кор муҳим аст.
Бо назардошти махсусияти роҳи Душанбе – Чаноқ ин раванд нозукиҳои зиёд дорад. Бо вуҷуди ин, ҳатто маводи босифат низ зери таъсири ҳаракати пайвастаи нақлиёт, соиш, боришот ва дигар омилҳои муҳит тадриҷан фарсуда мешавад. Аз ин рӯ, муҳлати хизмати аломатгузорӣ бояд на танҳо аз рӯйи тақвим, балки бо назардошти ҳолати воқеии он муайян карда шавад.
Дар фаъолияти “IRS” ин раванд аз технологияи дурусти нигоҳдорӣ аз муоинаи мунтазам оғоз меёбад. Мутахассисон мунтазам қитъаҳои фарсуда, хатҳои ноаён, нуқтаҳои хатарнок ва ҷойҳои эҳтимолии пайдоиши мушкилотро муайян намуда, барои барқарорсозии онҳо чораҳои саривақтӣ меандешанд.Муҳим он аст, ки кор танҳо бо нав кардани хатҳои аллакай фарсуда маҳдуд намешавад.
Дар маҷмуъ, хатҳои уфуқӣ воситаи муҳими иртиботи байни роҳ ва ронанда, нишондиҳандаи самти ҳаракат ва ҷузъи муҳими таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт мебошанд. Муҳиму саривақтӣ аст, ки дар заминаи таваҷҷуҳи хоса ба ҳолати онҳо “IRS” хатарҳоро бартараф ва ҳадшиносиро ба ронандагон талқин мекунад.
Садоқат Ширинбекова



