Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Варзишгоҳи миллӣ барои 30 ҳазор тамошобин ҳамчун туҳфаи ҷашнии Ҳукумати мамлакат ба варзишгарон ва дӯстдорони футбол ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол иброз намудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таъсиси мактабҳо ва академияҳои футбол, ҷорӣ намудани барномаҳои омӯзишӣ ва татбиқи низоми литсензиякунонии клубҳо дар доираи талаботи Конфедератсияи футболи Осиё ба баланд гардидани сифати омодагии варзишгарон мусоидат мекунад. Имрӯз футболи тоҷик дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад.
«Бовар дорам, ки мураббиён, мутахассисон ва футболбозони ҷумҳурӣ бо ҳисси баланди масъулият, иродаи қавӣ ва маҳорати касбӣ минбаъд низ бо пирӯзиву дастовардҳои худ парчами давлатамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, дар тарғиби варзиш ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим саҳми босазо мегузоранд»,- иброз намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти мамлакат ҳамватанон, дӯстдорони варзиш ва ҳаводорони футболро табрик намуда, тазаккур доданд, ки бигзор футбол дар Тоҷикистон ҳамеша ҳамчун рамзи ваҳдат, саломатӣ ва ифтихори миллӣ рушд ёбад ва наслҳои ояндаро ба сӯйи муваффақияти нав ба нав раҳнамоӣ кунад.

Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Блоки рекламавӣ


